Декабр 29, 2021 12:01 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди ваксинаи Постуковак дар Эрон аз марзи 10 миллион доз гузашт

Тавлиди ваксинаҳои Посутуковак ва Постуковакплюс дар Эрон аз марзи 10 миллион доз убур кард ва ба зудӣ ба 15 миллион доз мерасад

Алиризо Раҳимӣ, раиси бахши формулосиюни фаровардаҳои навтаркиби Институти Пастери Эрон афзуд: Тавлиди пайваста ва мудовими ваксинаи Постуковак муҳақақ шуд ва ин раванд бо қудрат идома меёбад.

Вай хотирнишон кард: Хатти тавлиди ин ваксина бо тамоми тавон ва зарфият машғули кор барои сохти ин маҳсули фановарона аст то илова ба коҳиши нигарониҳои мардум аз онҳо дар баробари вируси корона муҳофизат кунад.

Раиси бахши формулосиюни фаровардаҳои навтаркиби Институти Пастери Эрон бо ёдоварии ин ки зарфияти тавлиди 6 миллион доз дар моҳ фароҳам шуда аст гуфт, агар Вазорати беҳдошти Эрон ниёз ба ваксинаҳои коронаии бештар дорад ин марказ таҳқиқоти омодагии лозимро дорад, ки дар аввалин фурсат посухгу бошем.

Постуковак як ваксинаи навтаркибе аст, ки фозҳои аввал ва дувуми тести болинии ин ваксинаи тавлиди муштараки Институти Финлейи Куба ва Институти Пастери Эрон дар кишвари Куба анҷом шуд. Фози севуми корозмоии болинии ин ваксина ҳам дар Эрон ва ҳам дар Куба анҷом шуд.

Дози тақвиятии ваксинаи Постуковак ё дози севуми ин ваксина дар Куба бо унвони "Собероно Плюс" ва дар Эрон ба унвони  "Постуковак Плюс" номгузорӣ шудааст.

 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп