Декабр 29, 2021 14:30 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди кити ташхиси фаврии ҷаҳиши Омикрон барои аввалин бор дар Эрон

Ширкати "Саломати электроник"-и Эрон барои нахустин бор дар ҷаҳон мувафақ ба тавлиди кити ташхиси фаврии N ва S  мубтанӣ бар антиген шудааст, ки метавонад навъҳои мухталифи вируси коронаро баррасӣ кунад.

Бо рунамоӣ аз кити ташхиси фаврии густариши Омикрон, ки дар ташхиси ин навъи вирус ҳасосият ва диққати боло дорад ва дар камтар аз 20 дақиқа навъи Омикронро ташхис медиҳад, метавон занҷири олудагиро қатъ кард ва дар шароити буҳронӣ барои ташхиси сареъ ва ғарболгирӣ диққат ва итминон аз густариш пайдо накардани олудагӣ истифода кард. 

Ширкати "Саломати электроник"-и Эрон, ки ба унвони аввалин тавлидкунандаи китҳои ташхиси сареи корона дар Эрон муарифӣ шудааст, порсол дар замони густариши корона ба унвони аввалин тавлидкунандаи китҳои ташхиси Ковид-19 мубтанӣ бар онтиген, ин китро тавлид кард, ки дар он замон ҷузви се кишвари аслии тавлидкунандаи ин кит дар ҷаҳон буд ва аз воридоти ин навъ кит аз Кореяи Ҷанубӣ ба сурати анбуҳ ба иллати тавлиди дохили ин кит дар ин маҷмуа ҷилавгирӣ шуд.

 

Барчасп