Декабр 29, 2021 17:01 Asia/Dushanbe
  • Баҳорванд: Эҳтироми мутақобил ва манофеи мутақобил аз усӯли сиёсати хориҷии Эрон аст
    Баҳорванд: Эҳтироми мутақобил ва манофеи мутақобил аз усӯли сиёсати хориҷии Эрон аст

Мақомҳои Лондон, Вашингтон ва Тел Авив дар як сиёсати ҳамсӯ ва фиребкорона ҳар рӯз бадунболи мавзӯи тозае алайҳи Эрон ҳастанд.

Онҳо якрӯз барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эронро баҳона мекунанд ва дар ҷои дигар аз қудрати мушакии Эрон таҳдидсозӣ мекунанд. Британия дар тозатарин иддаосозӣ, Эронро дар феҳристи кишварҳои мутахосим қарор дод.

Муҳсини Баҳорванд, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Лондон дар вокуниш ба ин иддаоҳои бепоя ва асос дар сафҳа Инстаграмаш навишт: "Мо бар таъмини амнияту ҳифзи манофеи миллии Эрон исрор карда ва бар усӯли худ поймардӣ ва истодагӣ хоҳем кард. Асли амали мутақобил низ аз усӯли урфӣ ва ҷо афтодаи равобити дипломатӣ аст, ки онро мавриди тавваҷуҳ қарор медиҳем."

Вай хотирнишон кард, мо аз хусӯмат бо ҳеҷ кишваре, ки бо он робитаи дипломатӣ дорем истиқбол намекунем. Эҳтироми мутақобил ва манофеи мутақобил аз усӯли сиёсати хориҷии Эрон аст.

Мақомҳои Британия ҳафтаи гузашта низ дар изҳороти мудохилаҷӯёна партоби мӯшакҳои баллистик дар ҷараёни размоиши Эронро таҳдид барои амният донистанд ва муддаӣ шуданд, барномаи мушакии Эрон нақзи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст.

Шиллики ҳамзамони 16 мушаки баллистикӣ дар размоиши Сипоҳ

Қатъномаи 2231 ҳамон қатъномае аст, ки БарҶом ба он замима шуда ва тамоми давлатҳои мутааҳҳид бавижа аъзои 1+5 ба иҷроӣ он будаанд. Аз соли 2018, ки Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шуд, ин қатънома аз сӯи тройкаи аврупоӣ низ мавриди беэътиноӣ воқеъ шуд. Инки имрӯз Лондон нигарони нақзи қатънома 2231 аст, ҳокӣ аз сиёсати ворунасозии ҳақоиқу рӯйкарди музавиронаи мақомоти ин кишвар дар қиболи миллати Эрон ва кишварҳои минтақа аст.

Саиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни радди ин иддаоҳои беасос хотирнишон кард, Британия дар ҳоле, ки дар як рақобати бе поён барои фурӯши мухаррибтарин силоҳҳо ба минтақаи ғарби Осиё дигар манотиқи буҳронзадаи ҷаҳон аст ва бидуни тавваҷуҳ ба муқаррароти адами густариши паймонҳои низомӣ, монанди "AUKUS"- ро мунъақид мекунад, дар ҳамон ҳол дар мавриди тамринҳои низомии маъмули Эрон изҳори нигаронӣ мекунад.

Хатибзода бо маҳкӯм кардани талоши мақомоти Британия барои илқои таҳдиди Эрон дар минтақа, гуфт, ончӣ ба бесуботӣ ва ноамнӣ дар минтақа доман зада ва аз ҷумла фоҷеъаи инсонӣ дар Яманро ба вуҷӯд оварда, иштиҳои серинопазири Британия ва соири кишварҳои аврупое ба фурӯши таслеҳоти пешрафта ба бархе кишварҳои минтақа, он ҳам бо огоҳии комил аз нақзи ҳуқуқи байналмилал бавижа ҳуқуқи башардӯстона дар корбурди ин таслеҳот аст.

Миллатҳои минтақа имрӯз медонанд, ки яке аз решаҳо ва илали аслии бурузи ҷангҳо ва танишҳо дар минтақа, фурӯши анвоъи таслеҳоту сиёсати ҷангафрӯзии бегонагон дар минтақа аст, ки таҳмили ҷанги Арабистон ба Яман танҳо як намӯна аз ин ҷараён аст.

Воқеият ин аст, ки Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш бо тарҳи ҳамин иддаоҳои беасос аз иҷрои тааҳҳудоти худ дар тавофуқи ҳастаӣ, худдорӣ карданд. Британия дар идомаи ҳамин талошҳо барои тахриби раванди музокироти Вена, вазирони умӯри хориҷаи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форсро дар Лондон гирдиҳам оварад то ба эъмоли фишору такрори иддаоҳои нахнамо алайҳи Эрон идома диҳад. Вазирони хориҷаи Англия ва кишварҳои арабӣ бо судӯри баёнияе, аз музокироти рафъи таҳримҳо дар Вена, ки миёни Эрону гуруҳи мавсӯм ба 1+4 анҷом мешавад ба унвони «охирин фурсат» барои баргардондани амният ба минтақа ва иҷтиноб аз шиддат гирифтани танишҳои ҳастаӣ ёд карданд.

Акнун беш аз чаҳор даҳа аст, ки Эрон муқобили фишорҳо ва иқдомоти хасмона ва мудохилаҷӯёнаи Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш истодааст. Аз ин ҷиҳат возеҳ аст, ки кинаи онҳо нисбат ба Эрон амиқу решадор аст. Албатта мавзегириҳо ва рафторҳои мудохилаҷӯёнаи онҳо дар ростои манофеи саҳюнистҳо қобили арзёбӣ аст. Бо ин ҳол, Эрон кишваре нест, ки бо таҳдиду баёния майдонро холӣ кунад. Он гуна, ки сафири Эрон дар Лондон дар посух ба иддаосозиҳои Британи тасреҳ кард; Эрон аз хусӯматварзии ҳеҷ кишваре ҳаросон нахоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп