Декабр 31, 2021 18:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба саҳюнистҳо

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, агар режими саҳюнистӣ камтарин хатое дошта бошад, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон посухи дандоншикане ба онон хоҳанд дод.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба размоиши ахири «Паёмбари аъзам (с)» -и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ва вокуниши мақомоти режими саҳюнистӣ ба он афзуд: Сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон дифоӣ ва иҷрои размоишҳо ҷиҳати боздорандагӣ аст, аммо агар режими саҳюнистӣ камтарин хатое дошта бошад ва хаёли таҷовуз ба миллати Эронро дар сар бипарваронад, бо мушакҳои Сипоҳи посдорон рӯзашон табдил ба шоми сиёҳ хоҳад шуд.

Хатиби муваққати намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба дуюмин солгарди шаҳодати сардори сипаҳбад Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон силии обдоре ба Амрико бо ҳамла ба пойгоҳи «Айнуласад» зад, аммо интиқоми ниҳоӣ, муҷозоти ҳамаи сабабгорон, амрдиҳандашон, омилон, мушовирони террори сардор Сулаймонӣ ва ба хусус Трампи ҷинояткор аст, ки ба сароҳат ин ҷиноятро бар ӯҳда гирифт.

Оятуллоҳ Хотамӣ гуфт: Хуни поки шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш ба ҳузури номашрӯи Амрико дар Афғонистон поён дод ва бо мусаввабаи порлумони Ироқ ба зудӣ онон маҷбур ба тарки ин кишвар хоҳанд шуд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ёдоварии ҳамлаи ҳафтаи гузаштаи Исроил ба бандари Лозиқияи Сурия ва ҳадаф қарор додани анбори маводи ғизоӣ ва доруии ин кишвар низ гуфт: Саҳюнистҳо ҳамвора ба дунболи таҷовузгарӣ ва иқдомоти террористӣ ҳастанд, ки ба фазли Худованд сарнавиште ҷуз нобудӣ нахоҳанд дошт.

 

 

 

Барчасп