Январ 04, 2022 11:09 Asia/Dushanbe
  • Сафари Раисӣ ба Русия; гардише азим дар равобити Теҳрон - Маскав

Сафири Эрон дар Русия гуфт, сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия гардише азим дар равобити таърихии Теҳрон - Маскав хоҳад буд.

Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, дар мавриди сафари Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия гуфт, ин сафар нақшаи роҳи ҳамкории Ҷумҳурии Исломии Эрону Русияро рақам хоҳад зад.

Ҷалолӣ тасреҳ кард, сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Маскав, бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти арсаи байналмилалӣ ва хусусан масоиле, ки дар минтақаи мо вуҷӯд дорад, аҳамияти дучандон пайдо мекунад ва табиист, ки душманони кишвари мо талош мекунанд, ки ба навъе асли ин сафар ва ё аҳдофи ин сафарро махдӯш кунанд.

Вай ҳамчунин дар посух ба инки оё дар ин сафар қарор аст, мувофиқатномаи баландмуддате байни ду кишвар имзо шавад, гуфт,  дар ҷараёни сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия, мувофиқатномаи баландмуддат ва ё мувофиқатномаи ҳамкориҳои ҷомеъ имзо нахоҳад шуд.

Ҷалолӣ афзуд, далели он ҳам ин аст, ки пешнависи ин мувофиқатнома тавассути Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳия шуда ва табъан ниёзманди ин аст, ки тарафи рус ҳам дар хусӯси ин пешнавис, изҳори назар кунад, ки қоидатан замонбар хоҳад буд ва то сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба марҳала имзо нахоҳад расид.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп