Январ 07, 2022 16:35 Asia/Dushanbe
  • Баргузории рӯйдодҳои муштарак меҳвари дидори мақомоти тоҷик ва эронӣ

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо раиси Маркази мутолеоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Форс”, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо Муҳаммадҳасан Шайхулислом, раиси Маркази мутолеоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон мулоқот кард.

Дар ин дидор дар бораи роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни марокизи мутолеоти сиёсӣ ва роҳбурдии ду кишвар гуфтугӯ шуд.

Созмондеҳии рӯйдодҳои муштарак ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон аз дигар мавзуоте буд, ки дар ин мулоқот баррасӣ шуданд.

 

Барчасп