Январ 09, 2022 21:01 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии Эрон дар ҷамъи бартаринҳои футсоли ҷаҳон

Тими миллии Эрон ва сармурабии он дар ҷамъи бартаринҳои футсоли ҷаҳон қарор гирифтанд

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, сомонаи муътабари Футсол Планет дар идомаи муъарифии бартаринҳои футболи ҷаҳон дар соли 2021 беҳтарин тимҳои милли ва мурабии миллии ҷаҳонро интихоб кард, ки тими миллии футсоли Эрон дар ҷамъи 10 тими бартари ҷаҳон қарор гирифт.

Ҳамчунин Сайд Муҳаммади Нозим Ашшариъа сармурабии тими милли футсоли Эрон дар ҷамъи 10 мурабии бартари ҷаҳон дар соли 2021 қарор гирифт.

Пештар низ тими футсоли бонувони Эрон, дар чаҳор бахш номзади дарёфти унвони бартарии соли 2021 шуда буд.

Фарзона Тавассули, номзади бартарин дарвозабони футсоли ҷаҳон, бошгоҳи Полоиши нафти Ободони Эрон номзани бартарин бошгоҳи занони ҷаҳон, Наргиси Алвонӣ номзади беҳтарин мурабии бошгоҳи футсоли занон дар ҷаҳон ва Гулора Нозимӣ номзади беҳтарин довари соли 2021 шуда буд.

 

Барчасп