Ноябр 15, 2016 20:17 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Теҳрон аз густариши ҳамкориҳо бо Пекин

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Теҳрон аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Пекин дар ҳамаи заминаҳо аз ҷумла дифоӣ истиқбол мекунад.

Ба иттилои пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе дар дидори Чан Вансюан, вазири дифои Чин дар Теҳрон афзуд: Терроризм ва мудохилаи номашруи бархе кишварҳо дар умури дохилии дигарон ду хатар ва таҳдиди бузург аст.

Рӯҳонӣ талошҳои Эронро барои ҳифзи суботу амнияти минтақа ва мубориза бо терроризм ташреҳ кард ва гуфт: Бояд барои муқобила ва мубориза бо хатари бузурги терроризм, ҳамкориҳои Эрон ва Чин афзоиш ёбад.

Вазири дифои Чин низ бо ишора ба ҷойгоҳи роҳбурдии Эрон дар минтақа, зарурати иртиқои ҳамкории байни ду кишварро дар бахшҳои мухталиф ёдовар шуд ва гуфт: Чин ҳамвора мавозеи бисёр наздике бо ҷумҳурии исломии Эрон дорад.

 

Барчасп