Январ 11, 2022 10:25 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи чаҳоруми Эрон дар ҳавзаи Нано

Дабири ситоди Нанои Эрон гуфт, Эрон барои чаҳорумин соли мутаволӣ дар ҷойгоҳи чаҳоруми Нано дар ҷаҳон қарор гирифт.

Саиди Саркор, Дабири ситоди Нанои Эрон афзуд, рутба ва ҷойгоҳи ҷаҳонии Эрон дар ҳавзаи Нано аз назари камӣ санҷида мешавад, албатта аз назари кайфиятӣ ҳам Эрон дар ҳавзаи мақолоти Нано дар миёни 10 кишвари бартари дунё қарор дорад .

Вай бо ишора ба инки дар ҳавзаи Нанои Эрон болотар аз Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Ҷопон ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ дар ҷойгоҳи чаҳорум қарор дорад тасреҳ кард, дар Эрон фақат интишори мақолот иктифо накардаем ва токунӯн ҳудӯди 850 маҳсӯл таъйид шуда дар ҳавзаи санъатӣ дорем ва ин маҳсӯлоти сабаби иртиқои кайфияти зиндагии мардум шудааст.

Саркор ҳавзаҳои сохтумон, дору ва нанотехнологиро, аз ҷумлаи бистарҳои мутаассир аз тавлидоти санъатии Нано дар кишвар донист.

Бештар бихонед:

 

Барчасп