Ғанисозии пешрафтаи ҳастаии Эрон ба кумаки бумисозии мошинҳои IR-9
(last modified Wed, 12 Jan 2022 10:21:05 GMT )
Январ 12, 2022 15:21 Asia/Dushanbe
  • Ғанисозии пешрафтаи ҳастаии Эрон ба кумаки бумисозии мошинҳои IR-9

Бумисозии мошинҳои пешрафтаи ғанисозӣ дар солҳои гузашта, мадюни талошҳои бевақфаи Мустафо Аҳмадии Равшан, донишманди шаҳиди санаоти ҳастаии Эрон аст.

Сентрифугаҳои IR-2, 4, 5, 6 ва 9, ки ба ғӯли эронӣ маъруф аст, мошинҳои насли ҷадид барои ғанисозӣ аст, ки дар дастёбӣ ба афзоиши зарфият нақши муассире ифо кардаанд.

Мошини IR-9 даҳ баробар тавони бештар дар ғанисозӣ нисбат ба мошинҳои насли аввал дорад.

Булӯғи раванди тавлиди мошинҳои насли ҷадид ва мудирияти фанноварӣ дар ҳавзаи ҳастаӣ дар Эрон мадюни талошҳои бевақфаи донишманди шаҳид Мустафо Аҳмадии Равшан аст.

Шаҳид Аҳмадии Равшан аз донишмандони нухбаи ҳастаии Эрон буд, ки дар ростои бумӣ кардани саноати ҳастаӣ ва дастёбии Эрон ба ғанисозии ураниюми 20 дарсадӣ нақше асосӣ дошт ва дар дайи соли 1390 тавассути душманон террор шуд.