Январ 12, 2022 18:46 Asia/Dushanbe
  • Бошгоҳи Ювентус ба дунболи ҳамлакунандаи эронии Порто

Вебсайти италияии Calciopolis эълом кард:Бошгоҳи Ювентус дар ҳоли баррасии шароити хариди Маҳдии Торимӣ-ҳамлакунандаи эронии Порто аст .

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи " Варзиши се ", дар гузориши Calciopolis омадааст : Тамоми тимҳои аврупоӣ ба дунболи муҳоҷим(ҳамлакунанда)е бо чанд маҳорати мутафовит ҳастанд, ки маҳоратҳои фаннии хубе дошта бошад.
Бар асоси ин гузориш Торимӣ дар чанд фасли ахир рушди бисёре дошта ва нишон дода, ки қобили эътимод аст ва ҳар соъат бештар аз қабл ба яке аз ситораҳои ҳозир дар бозори нақлу интиқолот табдил мешавад .
Calciopolis навишт : Дар воқеъ Маҳдии Торимӣ бо ин ки дигар хеле ҷавон нест, аммо чанд фасле аст ки ба лутфи голҳои зада, ҳамкорӣ дар кори тимӣ ва шахсиятӣ, ки аз худ нишон дода ба яке аз чеҳраҳои таъсиргузор табдил шудааст .
Торимӣ дар ҳоли ҳозир бозикуни Портои Португалия аст ва муваффақ шуд соли 2021-ро бо 20 голи зада ва 16 паси гол дар 39 бозӣ ба поён бабрад, ки омори бисёр дурахшон ба ҳисоб меояд .
Ин миллипӯши эронӣ чанд моҳ пеш дар дидор баробари Челсӣ дар Лигаи қаҳрамонони Аврупо голе ба самар расонад, ки тавваҷуҳи ҳамаро ба худ ҷалб кард . Торимӣ дар воқеъ беҳтарин голи кулли ин рақобатҳоро бо зарбаи баргардони дурахшону чашмнавоз ба самар расонд, ки боис шуд тамоми тамошогарони ҳозир дар варзишгоҳ аз ҷой бархеста ва ӯро ташвиқ кунанд .
Қимати ин бозикун, ки 55 бозии миллӣ ва 25 голи зада дар корнома дорад дар ҳоли ҳозир 15 миллион евра аст ва қарордодаш бо Порто низ дар соли 2024 ба поён мерасад.
Дар идомаи ин гузориш омадааст : Гуфта мешавад ду тими италияии Феорентина ва Ювентус, ки дар ҳоли ҳозир ба дунболи ҷазби муҳоҷим ҳастанд, шароити ин бозикунро зери назар доранд .Бошгоҳи Ниюкасл аз Лигаи бартари Британия низ алоқаи бисёре ба Торимӣ дорад.

 

Барчасп