Январ 16, 2022 22:34 Asia/Dushanbe
  • Вазорати кишвари Эрон: Садои даҳшатноки устонҳои ғарби кишвар раъдубарқ буд

Муовини амниятӣ ва интизомии Вазорати кишвари Эрон гуфт: Бо баррасии дастгоҳҳои амниятӣ ва интизомӣ мушахас шуд, ки садои шунидашуда дар Ҳамадон ношӣ аз раъду барқ буда аст.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, Сайид Маҷиди Мираҳмадӣ муовини амнитӣ ва интизомии Вазорати кишвари Эрон бо радди ҳар гуна гумоназанӣ дар хуссуси иллати садои даҳшатнок дар шаҳристонҳои Асадободи устони Ҳамадон, изҳор кард: Ин садо ба далели савти эҷод шуда эҳтимоли ношӣ аз раъду барқ буда ва ҳодисаи хос рух надода аст.

Шомгоҳи шанбе мардуми Асадободи устони Ҳамадонӣ Эрон садои даҳшатнок шуниданд.

Шиддати садо дар баъзе ҷоҳо ба ҳадде буд, ки дару панҷараҳои хонаҳо ҳам ларзид ва мардумро ба берун аз хона кашонд.

Билофосила пас аз ин иттифоқ гумоназаниҳо дар бораи маншаъ ва манбаъи садо оғоз ва назариёти мухталифе матраҳ шуд ва дар бархе шабакаҳои маҷозӣ овозаи тамрин ё размоиши падофанди ҳавоӣ дар ғарби кишвар матраҳ шуд.

 

Бештар бихонед: