Январ 20, 2022 19:01 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Муқаддамоти ниҳоӣ шудани санади ҷомеъи ҳамкориҳои Эрону Русия фароҳам шудааст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷамъи фаъолони иқтисодии Русия таъкид кард : Муқаддамоти ниҳоӣ шудани санади ҷомеъи ҳамкориҳои Эрону Русия фароҳам шудааст .

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс,  Сайид Иброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз ( панҷшанбе ) дар идомаи барномаҳои сафари дурӯза ба Русия бо ҷамъе аз фаъолони иқтисодӣ ва туҷҷори ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард .
Раисӣ дар ин дидор ошноӣ бо дидгоҳҳои фаъолони иқтисодӣ дар кишвари Русияро бисёр муғтанам тавсиф кард ва гуфт : Ошноии сарону мақомоти ду кишвар бо дидгоҳҳои фаъолон дар ҳавзаи тиҷорат ва иқтисод метавонад дар тасмимгириҳои калону роҳбурдӣ барои ҳамкории дуҷониба муассир бошад .
Раиси Ҷумҳурии Эрон афзуд : Русия аз тамаддуну фарҳанги арзишманде бархурдор аст ва зарфиятҳои бисёре дар ду кишвари Эрону Русия барои тавсеъаи ҳамкориҳо вуҷуд дорад .
Раисӣ ҳамсоягӣ, манофеъ ва душманони муштаракро аз далоили зарурати афзоиши ҳамкорӣ миёни Эрону Русия баршумурд ва гуфт : Илова бар манофеи муштарак душманони муштараке ҳам дорем, ки рушду пешрафт дар минтақаро намехоҳанд, аммо бояд рушду тавсеъаро ба ҳадде бирасонем, ки дигарон натавонанд барои таҳаққуқи аҳдофи сиёсӣ ва фарҳангии худ дар ин минтақа нуфӯз кунанд .
Раиси ҷумҳӯр бо ишора ба дидор бо ҳамтои русии худ гуфт : Дар ин дидор ба масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байнлмиллалӣ пардохтем ва бо Владимир Путинаиси Ҷумҳурии Русия ҳамназар будем, ки бояд аз зарфиятҳои ҳамкории Эрону Русия беҳтар истифода кард; коридори Шимол ба Ҷануб фаъол шавад ва мушкилоти пеши пои фаъолони иқтисодӣ рафъ шавад .
Раисӣ бо таъкид бар лузӯми таҳаввул дар низоми пулӣ ва банкӣ байни Эрону Русия гуфт : Барои ҳалли ин мушкил банкҳои марказии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Русия метавонанд тавофуқ кунанд, банкҳои Эрону Русия дар ҳар ду кишвар фаъол шаванд, то фаъолони иқтисодӣ бо осонӣ мубодилоти пулӣ ва молии худро анҷом диҳанд .
Пеш аз суханони раиси Ҷумҳурии Эрон бархе аз фаъолони иқтисодии Русия дидгоҳҳои худу мушкилоти иртиқои равобити тиҷории байни ду кишварро матраҳ карданд .

 

Барчасп