Вокуниши устондори Систону Балучистон ба нарасидани об ба Ҳомун
Устондори Систон ва Балучистон гуфт: Оби рӯдхонаи Ҳирманд ҳануз аз Афғонистон вориди Эрон ва толоби Ҳомун нашудааст .
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Мударриси Хиёбонӣ ин матлабро дар вокуниш ба интишори бархе тасовир дар фазои маҷозӣ дар бора иқдоми Толибон дар боз кардани даричаҳои оби садди Камолхони Афғонистон ва ҷорӣ шудани оби Ҳирманд ба самти Эрон ва толоби Ҳомун баён кард .
Бар асоси қарордоде, ки дар соли 1351 ( 1972 ) миёни Эрону Афғонистон имзо шуд, ҳақобаи Эрон аз рӯдхонаи Ҳирманд 26 метр мукааб об дар сония аст, аммо мақомоти Кобул дар солҳои ахир ба ин қарордод амал накарданд .
Ашрафи Ғанӣ-раиси ҷумҳӯри собиқи Афғонистон фарвардини имсол дар маросими ифтитоҳи садди Камолхон гуфта буд аз ин пас Афғонистон обро дар муқобили нафт ба Эрон хоҳад дод.
Бештар бихонед :