Январ 24, 2022 21:34 Asia/Dushanbe
  • Севвумин пирӯзии занони футсоли Эрон дар Осиёи Марказӣ

Тими миллии футсоли занони Эрон дар севвумин дидораш дар мусобиқоти КОФО, ки ба мизбонии Тоҷикистон пайгири мешавад, рӯзи душанбе баробари Қирғизистон ба бартарии қотеъ 10 бар сифр даст ёфт, то шогирдони Фурузони Сулаймонӣ ба як пирӯзии хуб бирасанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Соро Ширбегӣ, Настаран Муқимӣ (2 мартаба) Саҳар Замонӣ, Фотима Раҳматӣ, Нисо Аҳадӣ, Фаришта Каримӣ (2 мартаба), Саҳар Попӣ ва Фаришта Хусравӣ барои Эрон голзанӣ карданд.

Миллипушони Эрон сешанбе низ дар бозии баргашт дубора ба масофи Қирғизистон хоҳанд рафт.

Миллипушони футсоли занон пеш аз ин Узбакистон ва Тоҷикистонро шикаст дода буданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футсоли занони КОФО 2022 то 8 баҳман баробар бо 28 январ ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ҳузури тимҳои Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор мешавад.

Тими миллии футсоли занон пас аз 2 сол бо ҳидояти Фурузони Сулаймонӣ роҳии ин рақобатҳо шуд.

Барчасп