Истиқболи Эрон аз музокироти сулҳи Яман
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i8035-Истиқболи_Эрон_аз_музокироти_сулҳи_Яман
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз оғози даври нави гуфтугӯҳои сулҳи Яман истиқбол кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 16, 2016 20:10 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Эрон аз музокироти сулҳи Яман

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз оғози даври нави гуфтугӯҳои сулҳи Яман истиқбол кард.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИРНА, аз оташбас ва азсаргирии гуфтугӯҳои яманӣ-яманӣ истиқбол кард ва гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора бар роҳкори сиёсӣ барои ҳали буҳрони Яман аз тариқи гуфтугӯ миёни гурӯҳҳои сиёсӣ таъкид доштааст.

Қосимӣ афзуд: Эрон аз ҳар гуна мусолиҳаи сиёсӣ ва таҳаққуқи оташбаси ҷомеъ ва фарогир, ки ба сулҳу сабот дар Яман ва ба хусус ба коҳиши дардҳои мардуми мазлуми ин кишвар, аз ҷумла рафъи муҳосираи ҳамаҷонибаи онон бианҷомад, истиқбол мекунад.

Бар асоси ин гузориш, Вазорати умури хориҷаи Уммон сешанбешаб дар баёнияе аз дастёбӣ ба тавофуқ дар бораи барқарории оташбас дар Яман аз 17 ноябр ва азсаргирии гуфтугӯҳои сулҳ дар моҳи ҷорӣ хабар дод.