Январ 29, 2022 14:35 Asia/Dushanbe
  • Як эронӣ сармураббии ҷадиди тими миллии футзали Афғонистон шуд

Маҷиди Муртазоӣ, сармураббии пешини тими футзали “Фарши Оро”-и Машҳад, ҳидояти тими миллии футсоли Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.

Муртазоӣ, ки чанд соли ҳидояти “Фарши Оро”-ро дар Лигаи бартари футзали Эрон бар ӯҳда дошт, ҷонишини Абдулразоқ Мамрак шуд то дар аввалин ҳузураш тими миллии Афғонистонро мусобиқоти Осиё ҳидоят кунад.

Тими миллии Афғонистон дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё дар минтақаи марказӣ бо тимҳои Узбекистон, Тоҷикистон ва Неполи ҳамгурӯҳ аст.

Муртазоӣ пештар ба унвони мудири фаннии тими футзали Миси сарчашмаи интихоб фаъолият мекард.

 

Барчасп