Маросими 12 баҳман дар ҳарами Имом Хумайнӣ ( раҳ ) баргузор мешавад
Раиси Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии устони Теҳрони Эрон гуфт : Маросими вижаи явмуллоҳи 12 баҳмани имсол бо суханронии раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар ҳарами мутаҳҳари Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) дар ҷануби Теҳрон баргузор мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷҷатулислом Саидмуҳсини Маҳмудӣ дар ҷаласаи ҳамоҳангии маросими 12 баҳман изҳор дошт : 12 баҳман солрӯзи вуруди Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ба Эрони исломӣ, яке аз муҳимтарин рухдодҳои инқилоби исломӣ аст, ки то ҳамешаи таърих бояд зинда нигоҳ дошта шавад .
Ҳуҷҷатилислом Маҳмудӣ афзуд:Ба манзури арҷ ниҳодан ба мақому ҷойгоҳи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) барномаҳои вижаи явмуллоҳи 12 баҳман пешбинӣ шуда, ки аз ҷумла метавон ба гулборони масири ҳаракати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) аз фурудгоҳ ба сӯи ҳарами мутаҳҳар, рижаи мотосиклсаворони неруҳои мусаллаҳ ва маросими вижа дар ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бо суханронии раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ишора кард .
Раиси Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии устони Теҳрони Эрон гуфт : Маҳали суханронии торихии Имом хумайнӣ ( раҳ ) дар биҳишти Заҳро ( с ) низ гулборон мешавад .
Ҳуҷҷатилислом Маҳмудӣ изҳор дошт : Тамоми ин барномаҳову маросим бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ баргузор мешавад .