Январ 31, 2022 16:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эрон аз СММ барои иқдоми фаврӣ ҷиҳати таваққуфи куштори мардуми Яман

Мушовири аршади вазири умури хориҷаи Эрон хостори иқдоми фаврии СММ барои таваққуфи куштори мардуми Яман шуд.

Алиасғари Хоҷӣ дар дидори Ҳанс Гранденберг, фиристодаи вижаи дабири кулли Созмони Милал дар умури Яман хостори мудохилаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таваққуфи ҷанг ва рафъи муҳосираи ғайриинсонӣ дар ин кишвар шуд ва бар идомаи талошҳои Эрон ба манзури кумак ба барқарории сулҳи одилона дар Яман таъкид кард.

Хоҷӣ дар идомаи ройзаниҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси ҳаллу фасли фоҷеаи инсонӣ дар Яман, имрӯз бо фиристодаи вижаи дабири кулли Созмони Милал дар умури Яман ба сурати видеоконфронс гуфтугӯ кард.

Мушовири аршади вазири умури хориҷаи Эрон дар ин гуфтугӯ, зимни ибрози нигаронӣ аз ташдиди таниш ва густариши ҳамалоти ҳавоии ахири эътилоф ба манотиқи маскунӣ ва ғайринизомии Яман, хостори мудохилаи ҳарчӣ бештари Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таваққуфи ҷанг ва рафъи муҳосираи ғайриинсонии мардуми ин кишвар шуд.

Фиристодаи вижаи дабири кулли Созмони Милал дар умури Яман низ бо таъкид бар нақши барҷастаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар кумак ба барқарории сулҳ дар Яман, талоши Созмони Милалро ба манзури рафъи муҳосира, барқарории оташбас ва аз саргирии гуфтугӯҳои сиёсӣ дар Яман ташреҳ кард.