"Даҳаи Фаҷр"-и Инқилоби Исломии Эрон муборак бод
(last modified Tue, 01 Feb 2022 04:31:44 GMT )
Феврал 01, 2022 09:31 Asia/Dushanbe

12 баҳмани 1400 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 31 январи 2022 милодӣ, оғози Даҳаи мубораки Фаҷри Инқилоби Исломии Эрон аст.

 43 соли пеш дар чунин рӯзе, давоздаҳуми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (якум феврали 1979) ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) , бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз понздаҳ соли дурӣ ва табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршӯри мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.

Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вуруди эшон ба Эрон, дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 , (11 феврали соли 1979), инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.

Ба ҳамин далел, аз рӯзи давоздаҳуми баҳман, яъне рӯзи вуруди имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон то бисту дувуми баҳман, ки рӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ аст, "Даҳаи фаҷр" номгузорӣ шудааст ва ҳар сол, ҷашнҳо ва маросими вижаи пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар ин айём баргузор мешавад.