Раиси Ҷумҳурии Эрон: Нигоҳи имом Хумайнӣ (раҳ) ба мардум ташрифотӣ набуд
(last modified Wed, 02 Feb 2022 10:54:03 GMT )
Феврал 02, 2022 15:54 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Эрон: Нигоҳи имом Хумайнӣ (раҳ) ба мардум ташрифотӣ набуд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, нигоҳи имом Хумайнӣ (раҳ) ба мардум ташрифотӣ набуд, балки эшон ба қудрат ва мушорикати мардум бовар доштанд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар маросими таҷдиди мисоқи ҳайати давлат бо ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ) ва шуҳадои инқилоби исломӣ афзуд: Сираву сулқки бунёнгузори низоми Ҷумҳурии исломии Эрон тавваҷуҳ ба мардум ва таваккул ба Худо ва ҳамроҳ кардани мардум бо худ, ду асли асосии мабнои эҷоди таҳаввули муслеҳи бузурги қарн буд.

Раисӣ таъкид кард, имом Хумайнӣ (раҳ) ба қудрати мардум ва мушорикати онон бовар дошт, аммо сиёсатмадорони ҷаҳон таваҷҷуҳе дар амал ба мардум надоранд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки тавваҷуҳ ба мардум ҳамвора ҷилваҳои муштараке доштааст ва акнун низ дорад, гуфт: Ҳар ҷо муваффақияте ҳосил шуд, мардум дар майдон буданд.

Раиси қувваи муҷрияи Эрон бо таъкид бар ин мавзуъ, ки мардум ҳамвора дар саҳнаҳои инқилоб ҳузур доранд, афзуд: Тавваҷуҳ ба мардум барои ҳамаи давлатҳои Эрон пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ як асл аст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва аъзои ҳайати давлат имрӯз (чаҳоршанбе) бо ҳузур дар марқади имом Хумайнӣ (раҳ), бо нисори тоҷи гул ва қироати фотиҳа, зимни адои эҳтиром ба меъмори кабири инқилоби исломии Эрон, бори дигар бо ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ) таҷдиди байъат карданд.