Феврал 05, 2022 15:32 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бесобиқаи муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистон ба Эрон

Қудрат гирифтани гуруҳи Толибон дар Афғонистон, муҳоҷирати камсобиқаи шаҳрвандони ин кишвар ба Эронро ба дунбол доштааст.

Бо сарнагунии давлати Ашраф Ғанӣ ва тасаллути гурӯҳи Толибон дар Афғонистон, ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба далели сиёсатҳои сахтгиронаи Толибон бавижа дар хусӯси риояти ҳақи таҳсилу кори занон, ин гуруҳро ба расмияти нашинохта ва Ғарб бо блока кардани дороиҳои ин кишвар, шароити сахтеро барои шаҳрвандони афғон бавуҷуд овардааст. Дар чунин шароите бисёре аз шаҳрвандони афғон барои раҳоӣ аз вазъияти номуносиби мавҷӯд, тасмим ба тарки ватан гирифта ва паноҳ ба Эрон, яке аз интихобҳои онҳо барои идома зиндагист.

Хабаргузории “Ово” ба нақл аз рӯзномаи "Ню-Йорктаймс" гузориш дод, беш аз як миллион тан аз шаҳрвандони Афғонистон дар чанд моҳи гузашта, ки Толибон бар маснади қудрат нишаста аз марзҳои ҷануби ғарбӣ ба Эрон муҳоҷират кардаанд.

Нависандагони ин гузориш ба нақл аз созмонҳои имдодрасон мегӯянд, ба таври тахминӣ рӯзона беш аз 5 ҳазор шаҳрванди афғон вориди Эрон мешаванд.

"Ню-Йорктаймс" дар мусоҳиба бо паноҳҷуёни афғон менависад, шумори зиёде аз онон рафтан ба Эронро содатарин ва танҳотарин гузина барои наҷоти ҷонашон аз гуруснагӣ ва тарс медонанд.

Мушиклоти иқтисодӣ ва бекории ба вуҷӯд омада дар пайи таҳаввулоти ахир дар Афғонистон аз умдатарин далоили муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистон ба берун аз кишвар аст, ки албатта мушкилоти мутааддидеро барои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Эрон ба ҳамроҳ доштааст.

Моҳи гузашта вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ гуфта буд, ки беш аз 800 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аз роҳҳои мухталифи қонӯнӣ ва ғайриқонӯнӣ дар пайи таҳаввулоти ахир, вориди ин кишвар шудаанд.

Дар қиболи вуруди ин мизони бузурги муҳоҷирин ба Эрон, токунӯн кумаки қобили таваҷҷӯҳе аз сӯи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба ин кишвар ҷиҳати расидагӣ ба вазъи муҳоҷирини тоза ворид ва ҳамчунин беш аз се миллион муҳоҷире, ки аз солҳо қабл дар Эрон басар мебаранд, сӯрат нагирифтааст.

 

Барчасп