Феврал 11, 2022 16:45 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Низоми исломӣ ҳамчунон ба шиори «на шарқӣ, на ғарбӣ» пойбанд аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунон ба шиори «на шарқӣ, на ғарбӣ»-и мардум дар соли 1357 (1979) пойбанд аст.

Имрӯз – ҷумъа, 22 баҳмани 1400 хуршедӣ, баробар бо 11 феврали 2022 мелодӣ, чиҳилусеюмин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон аст.

Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) ба пирӯзӣ расид.

Мардуми Эрони исломӣ имрӯз ва дар чиҳилусеюмин солгарди пайравии шукӯҳманди инқилоби исломӣ дар ақсо нуқоти кишвар, бо ҳузури пуршӯри худ, барги заррини дигареро дар дафтари хотироти Эрони исломӣ сабт карданд.

Ба далели густариши вируси корона роҳпаймоии имсол дар бархе аз шаҳрҳои кишвар, аз ҷумла Теҳрон ба сурати моторӣ ва мошинӣ баргузор шуд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз итмоми роҳпаймоии явмуллоҳи 22 баҳман дар Мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ) Теҳрон, зимни табрики солрӯзи пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломӣ гуфт: Он чӣ инқилоби исломӣ фарёд мезанад, озодӣ, ахлоқ, ақлоният, адолат, истиқлол, иззати миллӣ, бародарӣ, радди султа ва зулм аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, инқилоби исломӣ омад, ки режими фосиде, ки аз қудратҳои султагар ҳимоят мекардро аз миён бардораду низоме асосёфта бар дин, истиқлол, озодӣ, ҷумҳурии исломӣ барпо кунад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон паёми 22 баҳманро “умедбахш ба миллати Эрон ва ҳамаи мустазъафону маҳрумон дар ҳамаи олам» ва «ноумедиву истисоли золимону ситамгарон дар олам» унвон кард ва гуфт: Он чӣ дар кишварҳои ҳамсояи Эрон дар бедории исломӣ мебинед,навиди илоҳӣ аст.

Раисӣ ҳамчунин бо ишора ба талошҳои душманони Эрони исломӣ барои зарба задан ба кишвар гуфт: Душманон мехостанд инқилобу низом по нагирад, аммо нашуд ва паёми инқилоб ба миллатҳои мусулмону бедори ҷаҳон расид ва имрӯз Эрони исломӣ дар авҷи иззат аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин хотирнишон кард, нигоҳи Эрон дар сиёсати хориҷӣ ба ҳамаи кишварҳо мутавозин аст. Умеди мо ба ҳамаи манотиқи кишвар аст ва ҳаргиз умеде ба Вена ва Ню-Йорк надорем.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп