Қатъномаи поёнии маросими явмуллоҳи 22 баҳмани 1400
(last modified Fri, 11 Feb 2022 13:21:38 GMT )
Феврал 11, 2022 18:21 Asia/Dushanbe
  • Қатъномаи поёнии маросими явмуллоҳи 22 баҳмани 1400

Ширкаткунандагон дар роҳпаймоии явмуллоҳи 22 баҳмани 1400 дар қатъномае, бар ҳифзи ваҳдату ҳамдилӣ дар ҳамаи шароит то фатҳи қуллаҳои тавсеаву пешрафту талош барои ҳалли мушкилоти мардум таъкид карданд.

Дар қатъномаи роҳпаймоёни 22 баҳман, бо гиромидошти чиҳилучаҳорумин талиаи инқилоб ва таҷдиди мисоқ бо ормонҳои имому раҳбарӣ ва шаҳидон омадааст, миллати шаҳидпарвару худоҷӯи Эрони исломӣ таҳти ҳидояту раҳбарии ҳушмандонаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва бар ҳасби биниши инқилобии худ, нек дарёфтааст, ки душмани кажандеш бо баҳрагирӣ аз диктатории расонаӣ, иқдомоти фахрофарину ҳамосаҳои бузурги пешрафт дар арсаҳои гуногунро камранг ва беаҳамият нишон диҳад.

Дар ин қатънома омадааст, идомаи масири пурфурӯғи инқилоби исломӣ, дарсомӯзӣ ва амал ба баёнияи гоми дувум инқилоб аст ва бо ҷиҳоди табйин ба унвони фаризаи қатъӣ ва фаврӣ метавон ба баландиҳои ташхиси ниёзи лаҳзаву қуллаҳои рафеи он даст ёфт.

Ин қатънома меафзояд, иртиқои рӯзафзуни ҳавзаҳои илмиву фанноварӣ, иқтисодиву низомӣ ва бавижа истифои комили ҳуқуқи ҳастаии миллати Эрон ва тақвияти рӯзафзуни бунияи саноеи боздорандаи дифоӣ ва мушакӣ мутолибаи ҳамагон аст ва мавозеи мақомоти аршади ғарбӣ дар бораи мабонии дифоии Эрон маҳкум аст.

Роҳпаймоёни 22 баҳман бори дигар бар ҳифзи ваҳдати миллӣ ва дурӣ аз ҳар гуна иқдому амали тафриқаафканонаву фитнагароёнаи ҷараёнҳои дохилӣ ва хориҷӣ таъкид ва бар ҳимояти ҳамаҷонибаи худ аз ҳамбастагии ҷаҳони Ислом ва Ҷабҳаи муқовимати дифоъ аз Фаластин ва Қудси ишғолӣ ба унвони масъалаи аввали муслимин тасреҳ ва ҳамчунин ҷиноёти ваҳшиёнаи режими муртаҷеи Оли Сауд ва ҳампаймонони он дар Яман ва сукути маҷомеи байналмилалӣ ва муддаии ҳуқуқи башарро маҳкум карданд.

 

Барчасп