Густариши ҳамкориҳои ҳамлу нақли Афғонистон бо истифода аз зерсохтҳои Эрон
(last modified Sat, 12 Feb 2022 13:52:18 GMT )
Феврал 12, 2022 18:52 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои ҳамлу нақли Афғонистон бо истифода аз зерсохтҳои Эрон

Раиси дафтари Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Афғонистон (Юномо) густариши ҳамкориҳои ҳамлу нақли Афғонистон бо истифода аз зерсохтҳои дарёӣ, бандарӣ, роҳи оҳан ва ҳамлу нақли ҷодаии Эронро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳидеу Икбе, раиси дафтари Созмони Миллали Маттаҳид дар умури Афғонистон (Юномо) дар дидор бо Алиакбари Сафоӣ, мудир омили созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон ибрози умедворӣ кард бо анҷоми ҳимоятҳои дипломатик ва пайгириҳои Юномо аз мароҷеъи масули байналмиллалӣ ва ҳамчунин мароҷеъи дохилии Афғонистон, мавзуъоти марбут ба ҳамлу нақл ва транзити коло аз тариқи Афғонистон беҳина шавад, Икбе бандари Чобаҳор, дар ҷануби шарқи Эронро аз амокини бандарии муҳим барои Афғонистон баршумурду гуфт: Бо рафъи мавонеъ ва мушкилоти мавҷуд дар Афғонистон ва бо кумакҳои ироашуда аз тарафи Эрон, мавзуъоти муртабит бо ҳамлу нақл ва транзити колоҳои Афғонистон беҳбуд пайдо кардааст.

  • Мудир омили созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон низ бо ишора ба пайвандиҳои деринаи фарҳангӣ ва иқтисодии мардуми Эрон ва Афғонистон гуфт, дар солҳои гузашта мардуми Эрон ҳамвора мизбони хубе барои мардуми Афғонистон буданд.
  • Сафоӣ таъкид кард, бандари Чобаҳор на фақат барои тавсеаи меҳвари шарқи Эрон дорои ҷойгоҳи боарзиш аст, балки дигар кишварҳои ҳамсоя ҳамчун Афғонистон ва кишварҳои мустақили муштаракулманофеъи CIS метавонанд аз ҳамаи зарфиятҳо ва имконоти эҷод шуда дар бандари Чобаҳор ба нафъи кишварҳои худ истифода кунанд.
  • Муовини вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон ҳамчунин аз омодагии созмони бандарҳо ва дарёнавардӣ барои ироаи имконот ва анҷоми ҳамкориҳои лозим бо тоҷирон ва бахшҳои хусусии Афғонистон барои транзити колоҳои мавриди ниёз аз тариқи бандарҳои Эрон ба вижа бандари Чобаҳор хабар дод.

Бандари Чобаҳор дар устони Систону Балучистон танҳо бандари уқёнусии Эрон аст, ки дар каронаи дарёи Макрон ва уқёнуси Ҳинд қарор дорад. Бандари Чобаҳор ба сабаби мавқеъияти роҳбурдӣ ва наздиктарин роҳи дастраси кишварҳои маҳсур ба хушкии Осиёи Марказӣ ҳамчун Афғонистон, Туркманистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба обҳои озод аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст.