Тавлиди бо кайфият навиштафзори эронӣ мояи ифтихор аст
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме бо ибрози хурсандӣ аз иқдоми ифтихорофарини тавлидкунандагони навиштафзори эронӣ, тавлиди бо кайфияти ин маҳсулро барои ҳар кишваре мояи ифтихор донистанд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, матни паёми раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ки субҳи имрӯз дар маросими посдошти ҷараёни навитафзори эронии исломӣ мунташир шуд ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим навиштафзор, дар шумори колоҳои ҳаётӣ барои имрӯз ва фардои ҳар кишвар аст, тавлиди бо кайфияти он низ барои кишвари тавлидкунанда мояи ифтихор аст, аз ин ки маҷмуъаҳое дар кишвари мо бар ин иқдоми ифтихорофарин ҳиммат гумошта ва гомҳои мувафақиятомез бардоштанд, хурсандам ва пойдории онҳо дар ин роҳро аз Худованди мутаъол масалат мекунам.
Тавфиқотатон мустадом бод иншоаллоҳ.