Феврал 15, 2022 22:40 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Вена ; меҳвари гуфтугӯи вазирони умӯри хориҷаи Эрону Англия

Вазирони умӯри хориҷаи Эрону Англия охирин мавозиъи ду кишвар дар музокироти Барҷомро мурӯр карданд .

Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо аз 27 декабри гузашта дар Вена оғоз шуд ва пас аз як вақфаи кӯтоҳ барои машварати ҳайатҳо дар пойтахтҳои худ дубора аз ҳаштуми феврали 2022 дар вена аз сар гирифта шудааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён- вазири умӯри хориҷаи Эрон ва Лизи Трос-вазири умӯри хориҷаи Англия дар гуфтугӯи телефонӣ зимни мурӯри охирин вазъи муносиботи дуҷониба дар хусӯси раванди музокирот дар Вена гуфтугӯ карданд .
Амирабдуллоҳён дар ин гуфтугӯ бо ишора ба наздик шудан ба марҳалаи ҳассосу муҳими музокироти Вена лузӯми ҷиддияту масъӯлиятпазирии тарафҳои музокиракунанда бо Эронро мавриди таъкид қарор дод ва расидан ба ин марҳила аз гуфтугуҳоро беш аз ҳар чиз ношӣ аз рӯйкарди мантиқӣ ва низ ибтикори амали тарафи эронӣ донист .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин бар лузӯми тавофуқи дастаҷамъӣ миёни ҳамаи тарафҳои музокиракунанда бар сари матни воҳиду зарурати лиҳоз шудани мутолиботи машрӯъи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард .
Вазири умӯри хориҷаи Англия низ зимни ташреҳи мавозиъи Лондон дар музокироти Вена равобити рӯ ба рушди миёни Англия ва Ҷумҳурии исломии Эронро таъминкунандаи манофеи ду кишвар донист ва ибрози умедворӣ кард то дар ояндаи наздик ин кишвар битавонад қарзҳои ақибуфтодаи худ ба Эронро пардохт намояд .
Лизи Трос ҳамчунин ба ҳамкории Англия ва Созмони миллали муттаҳид барои кумакрасонӣ ба мардуми Афғонистон ишора ва аз нақшу ҳамкории муассири Эрон дар ин росто қадардонӣ кард .



Бештар бихонед :

 

Барчасп