Феврал 19, 2022 16:03 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Давҳа барои иртиқои равобит бо Теҳрон

Вазири хориҷаи Қатар дар ҳошияи 58-умин Конфронси амниятии Мюнхен бо вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва бар иртиқои равобити Давҳа бо Теҳрон таъкид кард.

58-умин Конфронси амниятии Мюнхен аз дирӯз ҷумъа оғоз шудааст ва ба муддати се рӯз идома дорад.

Ин нишаст дар соли ҷорӣ ба иллати шуюи навъи Омикрон бо ҳузури теъдоди маҳдуде аз мақомоти кишварҳо баргузор мешавад.

Ба ҷои беш аз 2 ҳазор ширкаткунанда, ки дар шароити маъмул дар Конфронси амниятии Мюнхен ширкат доштанд, имсол фақат 600 меҳмон дар ин конфронс ҳузур доранд.

Конфронси амниятии Мюнхен барои ду соли мутаволӣ ба далели ҳамагирии корона ба таври маҷозӣ баргузор шуд.

Шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Қатар дар дидори Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар Мюнхен аз интизори Давҳа барои сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ ба Қатар хабар дод ва барномаҳои пешбинӣ шуда барои ин сафар ва омодагии Давҳа ҷиҳати мабно қарор додани ин сафар барои иртиқои ҳарчӣ бештари равобити ду кишварро ташреҳ кард.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе ба даъвати расмии амири Қатар, ба Давҳа сафар мекунад.

Шайх Абдурраҳмони Оли Сонӣ ҳамчунин бо истиқбол аз пешрафти музокирот дар Вена ва калидӣ донистани натиҷаи ин музокирот барои минтақа, гузорише аз охирин иқдомоти Қатар дар мавзӯи Афғонистон ва гуфтугӯҳои ҷорӣ миёни ду кишвар ироа дод.

Вазири хориҷаи Эрон низ дар ин мулоқот бо таъкид бар аҳамияти равобити намунаи ду тараф, иброз умедворӣ кард, сафари расмии раёсатиҷумҳурии Эрон ба Қатар тайи ду рӯзи оянда ҷиҳати ширкат дар иҷлоси ОПЕК-и газӣ ва тақвияти муносиботи дуҷониба ба сӯрати мумтоз баргузор шавад.

Вай ҳамчунин бо табйини кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Афғонистон ва зарурати кумак ба мардуми ин кишвар барои убӯр аз ин даврони сахт, дар хусӯси охирин вазъияти Афғонистон бо ҳамтои қатарии худ табодули назар кард.

Гуфтугу дар мавриди мавзуоти минтақаӣ ва таҳаввулоти минтақаи Халиҷи Форс ва баррасии охирин вазъияти музокироти Вена бахши дигаре аз суҳбатҳои вазирони умури хориҷаи Эрону Қатарро ташкил медод.

Бештар бихонед:

 

Барчасп