Идомаи кумакҳои башардустонаи Эрон ба мардуми Афғонистон
(last modified Thu, 24 Feb 2022 08:22:02 GMT )
Феврал 24, 2022 13:22 Asia/Dushanbe
  • Идомаи кумакҳои башардустонаи Эрон ба мардуми Афғонистон

Дар идомаи кумакҳои башардустонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мардуми Афғонистон бастаи ирсолии маводи ғизоӣ дар вилояти Нимрӯз ҷануби ғарби Афғонистон байни 850 хонавода пахш шуд.

Ҳамзамон бо таҳавулоти моҳҳои ахир дар Афғонистон, кумакҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мардум дар нуқтаҳои мухталифи Афғонистон идома дорад, пеш аз ин низ даҳҳо баста аз кумакҳои башардустонаи Эрон дар байни ниёзмандон дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон пахш шуда аст.

Дар идомаи ин кумакҳо низ як бастаи маводи ғизоӣ шомили орд, биринҷ ва равған дар шаҳри Заранҷ маркази Нимрӯз дар ҷануби ғарби Афғонистон байни 850 хонаводаи ниёзманд пахш шуда аст.

Эрон пештар дар солрӯзи пирӯзии инқилоби исломии Эрон ва даҳҳаи Фаҷр низ бастаҳои кумакҳои башардустонро дар вилоятҳои шимоли Афғонистон байни ниёзмандон пахш кард. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шаклгирии даврони ҷадиди сиёсӣ дар Афғонистон ҳамвора кумакҳои башардустонаи худро барои мардуми ин кишвар ирсол карда аст, кумакҳои инсондутонаи Эрон ба мардуми Афғонисон ҳамзамон бо шуруъи фасли зимистон шитоби бештар гирифта аст.