Омодагии ҳавопаймоии Ҳумо барои барқарории парвозҳои фавқулода ба Украина
(last modified Thu, 24 Feb 2022 15:10:42 GMT )
Феврал 24, 2022 20:10 Asia/Dushanbe
  • Омодагии ҳавопаймоии Ҳумо барои барқарории парвозҳои фавқулода ба Украина
    Омодагии ҳавопаймоии Ҳумо барои барқарории парвозҳои фавқулода ба Украина

Мудири кулли равобити умумии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз омодагии ҳавопаймоии Ҳумо барои барқарории парвозҳои фавқулода ба Украина хабар дод.

Ҳусейни Ҷаҳонӣ, мудири кулли равобити умумии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз панҷшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт: Ҳавопайпоии Ҳумо омодагӣ дорад то ба маҳзи дарёфти муҷавиз, парвозҳои фавқулодаро барои хуруҷи эрониён аз Украина барқарор кунад.

Мудири кулли равобити умумии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Ҳеҷ парвозе бо Украина надорад, аммо барои бозгардондани эрониён аз Украина дар сурати тақозо ва ихтисоси муҷавизи парвоз омодагии комил дорад.

Саиди Хатибзода, сухангуи Вазорати хориҷаи  Эрон, имрӯз гуфт: Аз ҳамон ибтидои танишҳо дар Украина ситоди мудирят дар Вазорати умури хориҷа ташикл шуд.

Дар ин шаройт Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ дар тамоси телефонӣ бо Манучеҳри Муродӣ, сафири Эрон дар Киев тавсияҳои лозим дар хусуси эрониёни муқим, хусусан донишҷуёни эронии шоғил ба таҳсил дар Украина ва зарурати ироаи хадамоти 24 соатаи сафорат ба ҳаммеҳанони муқимро муҳим донист.

Владимир Путин раиси Ҷумҳрии Русия бомдоди панҷшанбе, фармони оғози амалиёти низомии вижаи ин кишвар барои муҳофизат аз Донбассро содир кард.

Путин ҳушдор дод, масулияти ҳаргуна хунрезии эҳтимолӣ бар уҳдаи давлати Украина хоҳад буд.

Амалиёти низомии Русия дар манотиқи мухталифи Украина оғоз шуд ва Вазорати дифоъи Русия эълом кард, фақат зерсохтҳои низомӣ ва фурудгоҳҳои Украина ҳадафи ҳамалот қарор мегирад ва шаҳрҳои ин кишвар бомбаборон нахоҳад шуд.