Феврал 25, 2022 16:51 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши муваффақи воксани эронии “Нуро”

Мудири илмии тарҳи воксани коронаи “Нуро” аз озмоиши муваффақи воксани эронии “Нуро” бар довталабон хабар дод.

Ҷаъфари Салимиён гуфт, натоиҷи баррасии марҳалаи сеюми корозмоии болинии воксани коронаии “Нуро” нишон медиҳад, сатҳи антибодӣ дар довталабон байни 15 то 20 баробар афзоиш ёфтааст.

Салимиён афзуд, дар натоиҷи корозмоии фази сеюми ин воксан то кунун аворизи ҷиддӣ дар ин довталабон мушоҳида нашудааст.

Бар асоси эъломи Донишгоҳи улуми пизишкии Бақиятуллоҳ (аҷ), зарфияти моҳонаи феълии тавлиди воксан “Нуро” ҳудуди се миллион доз буда ва ин зарфият мутаносиб бо ниёзи кишвар қобили афзоиш аст.

Ин воксан аз муносибтарин воксанҳо барои тазриқи дозаи сеюм аст, чун ин воксан асарбахшии болои ҳудуди 90 дарсад дорад ва мизони антибодии муносиберо дар бадан эҷод мекунад.

 

Барчасп