Эрон пойбанди қавонини Ожонси байналмилалии энержӣ аст
(last modified Sat, 26 Feb 2022 08:32:01 GMT )
Феврал 26, 2022 13:32 Asia/Dushanbe
  • Эрон пойбанди қавонини Ожонси байналмилалии энержӣ аст

Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрони тобеи қавонини Ожонси байналмилалии энержии атомӣ буда ва ин мавзӯро борҳо ба исбот расондааст.

Муҳаммади Исломӣ дар маросими гиромидошти ёду хотираи шаҳидони бани Фотимаи Исфаҳон, афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон 47 сол узви Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст ва мутобиқ бо асосномаи модаи 2 ва 3 ожонс, ин ниҳоди байналмилалӣ вазифа дорад ташвиқ, ҳимояту пуштибонӣ ва васотат кунад то фанноварии ҳастаӣ дар ихтиёри ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла Эрон қарор гирад.

Вай гуфт, ожонс ва кишварҳои ғарбӣ на танҳо кумаке ба Эрон барои истифода аз энержии ҳастаии сулҳомез накарданд, балки монеъ низ шуданд.

Исломӣ дар ин ҳол ба пешрафтҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи ҳастаӣ ишора кард ва гуфт, бо ҳимояти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ санади ҳастаии фахрӣ таҳия шуда ва ҳадафгузорӣ дар заминаи барқи ҳастаӣ сӯрат гирифтааст, ки бо кайфияттарин навъи барқе аст, ки дар дунё вуҷӯд дорад.