Феврал 27, 2022 20:05 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 241 бемори коронаии дигар дар Эрон
    Ҷон бохтани 241 бемори коронаии дигар дар Эрон

Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: Дар давоми 24 соати гузашта 241 бемори гирифтор ба Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 136 ҳазору 631 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аз дирӯз то имрӯз бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 9 ҳазору 524 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 682 нафари онҳо бистарӣ шуданд.

Маҷмуъи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 7 миллиону 40 ҳазору 467 нафар расид.

То кунун 6 миллиону 634 ҳазору 126 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо мураххас шуданд.

4 ҳазору 49 нафар аз беморони мубтало ба Ковид-19 дар бахшҳои муроқибатҳои вижаи бемористонҳо  таҳти дармон қарор доранд.

Токунун 47 миллиону 168 ҳазору 989 озмоиши ташхиси Ковид-19 дар Эрон анҷом шуда аст.

Ҳамагирии вируси корона то кунун ҷони ҳудуди 6 миллион нафарро дар сатҳи ҷаҳон гирифта аст.

Корона то кунун чаҳор ҷаҳиши женетикии хатарнок шомили Алфа, Бета, Гама ва Делта дошт ва Омикрон ҷадидтарин навъи ҷаҳиш ёфтаи ин вирус аст.

Дар бархе кишварҳо мисли Амрико то ҳудуди 35 дарсади мубталоён ба коронаи навъи ҷадид кудакон ҳастанд ва ин навъ корона бар хилофи навъи қаблӣ илова бар афроди бузургсол ва навҷавонон ва кудакон ҳам сирояти боло дорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп