Омодагии Ҳилоли Аҳмари Эрон барои имдодрасонӣ ба осебдидагони ҷангӣ Украина
(last modified Sun, 27 Feb 2022 17:12:46 GMT )
Феврал 27, 2022 22:12 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Ҳилоли Аҳмари Эрон барои имдодрасонӣ ба осебдидагони ҷангӣ Украина

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон барои кӯмакрасонӣ ба осебдидагони ҷангии Украина эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, Пирҳусайни Куливанд, раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон дар номае ба Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз омодагии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар ростои кумакрасонӣ ба ғайринизомиёни ҷангӣ дар Украина бо таваҷҷуҳ ба аҳдоф ва мақсадҳои башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмар, эъломи омодагӣ кард.

Дар матни номаи раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ба вазири умури хориҷа омада аст: Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар омодагӣ дорад то гурӯҳҳои вокуниши сареъи ҷамъиятро, ки мутахассисон ва наҷот ва беҳдошту дармон ҳастанд дар ростои аҳдоф ва мақсадҳои башардӯстона ва кумак ба қурбониёни душмании мусаллаҳона ба ҳамроҳи  васоил ва таҷҳизоти имдодӣ ва дармонӣ, бо ҳамоҳангии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх ба кишвари Украина эъзом кунад.