«Гардишгарии саломат» - зарфияти муассири дарвозаи иртиботии Эрон ва Тоҷикистон
(last modified Mon, 28 Feb 2022 05:19:44 GMT )
Феврал 28, 2022 10:19 Asia/Dushanbe
  • «Гардишгарии саломат» - зарфияти муассири дарвозаи иртиботии Эрон ва Тоҷикистон

Ноиби раиси Комиссияи фарҳангӣ ва иҷтимоии Шӯрои исломии шаҳри Машҳад гуфт, бо тавваҷуҳ ба ин ки Эрон қаробати фарҳангӣ бо Тоҷикистон дорад, бояд дар ҳавзаи гардишгарии саломат низ фаъол шавад.

Фотимаи Салимӣ гуфт, баргузории Намоишгоҳи фурсатҳои иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон ва ҳузури ҳайате аз мудирони шаҳрӣ ва устонӣ дар ин намоишгоҳро метавон ҷилвае аз фаъолиятҳову иқдомоти раиси ҷумҳури Эрон донист.

Вай баён кард, барпоии намоишгоҳ фурсате барои равнақи иқтисодӣ, иштиғоли неруи инсонӣ ва иқдоми муассир дар чархаи тавлид ва иқтисод аст, бастани қарордоди иқтисодиву тиҷорӣ муҷиби таҳаққуқи зиндагии пӯё барои ҳамшаҳриён шудаву чархаи иқтисодиро ба ҳаракат дармеоварад.

Ноиби раиси Комиссияи фарҳангӣ ва иҷтимоии Шурои исломии шаҳри Машҳад гуфт, арзаи дастовардҳову иқдомоти ҳавзаи фарҳангӣ ва фаъолиятҳои шаҳрдории Машҳад барои нахустин бор дар Намоишгоҳи фурсатҳои иқтисодӣ фароҳам шудааст.

Салимӣ бо эъломи ин ки ҷомеа бар чаҳор рукни иқтисод, фарҳанг, сиёсат ва иҷтимоъ устувор аст, афзуд: Зербинои тамоми умур мутамаркиз ба ҳавзаи фарҳангӣ аст, забон, фарҳанг ва дини муштарак миёни Эрон ва Тоҷикистон муҷиби муҳаббат миёни ин ду кишвар ва эътимоди мутақобил шуда, ки метавонад дар заминаҳои иқтисодӣ низ ёрирасон бошад.

Вай идома дод, дар Тоҷикистон низ ҳамчун Машҳад тарҳи тафсилӣ ва бозсозии манозили қадимӣ матраҳ аст, аз ин рӯ метавонем бо табодули иттилоот, шоҳиди ҳузур, асарбахшӣ ва тасҳилгарии фаъолони арсаи сохтусоз бошем, мудирияти шаҳрӣ метавонад дар арсаи байналмилалӣ сармоягузорӣ дошта ва барои шаҳр касби даромад кунад.

Ноиби раиси Комиссияи фарҳангӣ ва иҷтимоии Шурои исломии шаҳри Машҳад гуфт, баҳси занон дар шоҳномаву ҳувият, забони модарӣ ва пешаи муштарак миёни Эрон ва Тоҷикистон, аз ҷумлаи мавориде аст, ки дар ин намоишгоҳ мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт. Ҳамчунин гӯяндагӣ, шоҳномахонӣ, мусиқии маҳаллӣ ва тавлидоти фарҳангӣ мавриди тавваҷуҳи боздидкунандагон буд.

Салимӣ бо ишора ба ин ки ҳафтаи фарҳангӣ ва табодули фарҳангӣ миёни занони эрониву тоҷик мавриди пайгирӣ аст, гуфт: Дар назар дорем аз зарфияти занони бозаргон дар чунин фурсатҳои байналмилалӣ баҳра бигирем то ба ин восита равнақи иқтисодии бонувони Машҳад низ муҳайё шавад, ки вуҷуди мубораки ҳазрати Ризо (а) ва «Шоҳнома» аз ҷумлаи зарфиятҳое аст, ки бояд дар арсаи байналмилалӣ арза шавад.

Ноиби раиси Комиссияи фарҳангӣ ва иҷтимоии Шурои исломии шаҳри Машҳад бо ишора ба «гардишгарии саломат» миёни Эрон ва Тоҷикистон баён кард: Кишвари Тоҷикистон бо камбуди дору ва пизишк мувоҷеҳ аст ва шаҳрвандони он барои рафъи ниёзҳои худ дар ҳавзаи саломат ба кишварҳои дигар сафар мекунанд. Дар ин шароит бо тавваҷуҳ ба ин ки Эрон қаробати фарҳангӣ бо Тоҷикистон дорад, боистӣ дар ҳавзаи «гардишгарии саломат» низ фаъол шуд, шаҳрдории Машҳад омодагии баҳрамандӣ аз ин зарфиятро дорад.