Феврал 28, 2022 11:27 Asia/Dushanbe
  • Эрон омодаи нақшофаринии дипломатӣ барои кумак ба бозгашти сулҳ ба Украина аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Эрон аз ҳар гуна талоши дипломатӣ, ки мунҷар ба ҳалли мусолиматомези муноқишот дар Украина шавад, ҳимоят мекунад ва омодаи нақшофаринӣ барои ҳар гуна кумак ба бозгашти сулҳ аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ дар ҷаласаи ҳайати давлат афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси усули асосии сиёсати хориҷии худ, бо султагарӣ ва султапазирӣ мухолиф аст ва аз ҳаққи таъйини сарнавишти ҳамаи миллатҳо ҳимоят мекунад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон зимни дараки нигарониҳои амниятӣ нисбат ба чанд даҳа тавсеаталабии НАТО, бар ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии ҳамаи кишварҳо таъкид дорад.

Раиси қувваи муҷрияи Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон қотеона бар ин бовар аст, ки дипломатия ва пойбандии содиқона ба тааҳҳудоти байналмилалӣ тавассути ҳамаи тарафҳо, танҳо роҳи ҳалли пойдору одилонаи хуруҷ аз вазъияти филбуҳрон дар Украина аст.

Раисӣ афзуд, ҳифозат аз ҷону моли шаҳрвандон ва ғайринизомиён ва риояти ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи башардӯстона бояд мавриди иҳтимоми ҷиддии ҳамаи тарафҳо қарор гирад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд, зарурӣ аст Вазорати умури хориҷа ва дигар дастгоҳҳои масъул дар ростои ҳифозат аз ҳамаи шаҳрвандони эронӣ ва ба вижа донишҷӯёни эронии муқими Украина, иқдомоти лозимро суръат бахшанд.

Пас аз муддатҳо гамоназанӣ дар бораи бурузи таниш миёни Русия ва Украина, 24 феврал неруҳои артиши Русия амалиёти низомии худро дар хоки Украина оғоз карданд ва то кунун дар нуқоти мухталифе аз хоки ин кишвар пешравӣ кардаанд.

 

 

 

Барчасп