Интиқоди Эрон аз истифодаи абзории султагарон аз мавзӯи ҳуқуқи башар
Сафир ва муовини намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, ҳуқуқи башар абзори сиёсати хориҷии султагарон шудааст.
Ғуломҳусайни Деҳқонӣ, рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти ҳуқуқи башари Маҷмаи умумии ин созмон афзуд, ҳуқуқи башар абзори сиёсати хориҷии кишварҳои султагар шуда ва Созмони милал гирифтори сиёсатзадагӣ ва нотавон дар муқобили фишори қудратҳо шудааст.
Деҳқонӣ ҳуқуқи башарро мероси муштараки башар ва самараи талоши муштараки фарҳангҳо ва тамаддунҳо донист ва тасреҳ кард, ҳуқуқи башар натиҷаи хастагӣ аз истеъмор, ҷанг, бардадорӣ, нажодпарастӣ, табъиз ва қиём барои дастёбӣ ба адолату сулҳ ва оромиш будааст.
Вай гуфт, қудратҳои бузург бо вуҷӯди нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар аз сӯи муттаҳидонашон аз онҳо ҳимоят мекунанд ва аз мафҳуми ҳимоят, иртиқо ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар дар сатҳи густарда сӯиистифода кардаанд.
Деҳқонӣ тасреҳ кард, бархе масодиқи ҳуқуқи башарӣ ва созукорҳои он аз сӯи бархе аъзои СММ ба сиёсатзадагӣ дучор шуда ва истимрори ироаи қатъномаҳои ҳуқуқии башарии зидди кишварҳо ба тазъифи он доманзадааст.
Муовини намояндаи Эрон дар СММ афзуд, СММ бояд дар мувоҷиҳа бо фишорҳо ба ҳангоми нақзи фоҳиши ҳуқуқи байналмилал муқовимат ва аз аъмоли стандартҳои дугона ва сиёсатзадагӣ дурӣ кунад.
Нишасти ду рӯзаи Маҷмаи умумии Созмони милал дар хусӯси ҳуқуқи башар бо ҳузури теъдоде аз вазирон ва мақомоти кишварҳо, 12-13-уми июли ҷорӣ дар Ню-Йорк баргузор шуд.