Март 04, 2022 16:54 Asia/Dushanbe
  • Боздиди вазири энергетикаи Тоҷикистон аз Бурҷи Озодии Теҳрон

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ба Эрон, аз Бурҷи Озодии Теҳрон боздид кард.

Ба гузориши равобити умумии Бунёди Рӯдакӣ, Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз бахшҳои мухталифи маҷмуаи Бурҷи Озодии Теҳрон, аз ҷумла музей ва галериҳо боздид кард.

Дар ин боздид ҳайате аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон низ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ карданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ин боздид, бар аҳамияти таомулоти ду кишвари дӯсти Тоҷикистон ва Эрон бо иштирокоти фарҳангӣ таъкид кард.

 

 

 

 

Барчасп