Тағири соати баҳорӣ дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i82302-Тағири_соати_баҳорӣ_дар_Эрон
Ҳамзамон бо оғози соли нав бар асоси одати ҳар сола соатҳо дар Эрон як соат ба пеш кашида мешавад
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 06, 2022 15:30 Asia/Dushanbe
  • Тағири соати баҳорӣ дар Эрон
    Тағири соати баҳорӣ дар Эрон

Ҳамзамон бо оғози соли нав бар асоси одати ҳар сола соатҳо дар Эрон як соат ба пеш кашида мешавад

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросн, имсол низ ҳамчун солҳои гузашта аз соати 24 рӯзи якшанбе якуми фарвардини соли 1401 соати расмӣ дар Эрон як соат ба пеш кашида мешавад.

Бо ин тағир соат ихтилофи замонӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон ба ним соат коҳиш меёбад.

Ин тағири соат дар Эрон бар замони дарёфти барномаҳои радиои тоҷикии Садои Хуросон ба вақти Душанбе таъсир намегузорад ва шунавандагони ин радио метавонанд барномаҳои мавриди алоқаи худро ба таври  ҳамешагӣ бишнаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки мутобиқи қонуни Эрон корҳои расмӣ ва идорӣ аз ҷумла замони пахши барномаҳои радиои ва телевизионӣ ҳамчун радиои тоҷикии Садои Хуросон ба вақти Теҳрон як соат дертар оғоз мешавад.

Бар асоси мусаввабаи Маҷлиси шӯрои исломӣ ҳар сол дар ин кишвар дар аввали баҳор соати расмӣ як соат ба пеш кашидҳа мешавад ва ду бора дар аввали фасли тирамоҳ соатҳо ба вақти оддӣ боз мегардад.