Март 08, 2022 11:37 Asia/Dushanbe
  • Ройзании телефонии вазирони умури хориҷаи Эрону Русия

Вазирони умури хориҷаи Эрону Русия дар бораи масоили муҳими минтақаӣ, байналмилалӣ ва музокироти Вена гуфтугӯ карданд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи душанбе бо ишора ба гуфтугӯи телефонии худ бо Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, эҳёи БарҶом бояд бидуни табъиз қоил шудан, ба тамомии тарафайни ҳуқуқи баробар дар робита бо пешрафти бе дардисари ҳамкорӣ дар тамомии заминаҳоро муҳайё кунад.

Вай ҳамчунин гуфт, бо вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи масаълаи Сурия ва Украина табодули назар кардааст.

 

Барчасп