Раёсати давраии Утоқи бозаргонӣ ва саноати ЭКО ба Утоқи Эрон вогузор шуд
(last modified Wed, 09 Mar 2022 05:34:10 GMT )
Март 09, 2022 10:34 Asia/Dushanbe
  • Раёсати давраии Утоқи бозаргонӣ ва саноати ЭКО ба Утоқи Эрон вогузор шуд

Дабирхонаи Утоқи ЭКО дар нуздаҳумин Маҷмаи умумии Утоқи бозаргонӣ ва саноати ЭКО, барои як давраи сесола ба Утоқи Эрон мунтақил шуд.

Ба гузориши ЭКО як созмони иқтисодии минтақаӣ аст, ки аз 10 кишвари Эрон, Покистон, Туркия, Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ташкил шудааст.

Ин созмон ҳудуди 480 миллион нафари ҷамъият ва ҳашт миллиону 620 ҳазору 697 километри мураббаъ масоҳатро шомил мешавад.

Бар ин асос, ин созмон аз манобеи нафт, газ ва ҷаззобиятҳои гардишгарӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ бархурдор аст.

Дабирхонаи доимии созмони ЭКО дар Теҳрон мустақар аст, аммо дабирхонаи Утоқи бозаргонӣ ва саноати ЭКО ба сурати гардишӣ ва дар давраҳои сесола миёни аъзо мунтақил мешавад.

Дар ин давра барои се сол ҳар ду дабирхона дар Теҳрон мустақар хоҳанд шуд.

ИРНА гузориш дод, нуздаҳумин Маҷмаи умумии Утоқи бозаргонӣ ва саноати ЭКО бо мушорикати раисон ва аъзои аршади утоқҳои кишварҳои узв ба сурати маҷозӣ баргузор шуд.

Бо баргузории ин маҷмаъ, раёсати давраии Дабирхонаи утоқи бозаргонӣ ва саноати ЭКО барои як давраи сесола аз Туркия ба Эрон мунтақил шуд. Дар ин нишаст Ғуломҳусайни Шофӣ, раиси Утоқи Эрон ба унвони раиси давраии Утоқи бозаргонӣ ва саноати ЭКО, Муҳаммадризо Карбосӣ, муовини байналмилали Утоқи Эронро ба унвони дабири кулли Утоқи бозаргонӣ ва саноати ЭКО муаррифӣ кард.