Март 12, 2022 16:20 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Ҳамоиши байналмилалии доктринаи маҳдавият; сешанбе дар Ҷамкарон

Ҳафдаҳумин Ҳамоиши байналмилалии докторинаи маҳдавияти рӯзи сешанбе дар масҷиди  муқаддаси Ҷамкарон дар Қум баргузор мешавад.

15 шаъбони соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 18 марти 2022,  мусодиф бо солрӯзи милоди фархундаи ҳазрати Меҳдӣ (а) аст.

Ҳафдаҳумин Ҳамоиши байналмилалии доктринаи маҳдавият бо меҳварияти «интизор, гоми аввали тарҳи куллии ҳаракати раҳбарони илоҳӣ» баргузор мешавад.

Ҳазрати Меҳдӣ (а) дар саҳаргоҳи нимаи шаъбони соли 255 ҳиҷрии қамарӣ дар Сомиро дида ба ҷаҳон гушӯданд, падари бузургвори эшон, имом Ҳасани Аскрӣ (а) ва модарашон, бонӯи гиромӣ Нарҷис Хотун буданд.

Ҳазрати Меҳдӣ (а) пас аз таваллуд, ҳудӯди панҷ сол таҳти сарпарастии падари бузургворашон ба сӯрати нимамахфӣ, зиндагӣ карданд.

Пас аз шаҳодати ҳазрат имом Ҳасан Аскарӣ (а) дар соли 260 ҳиҷрии қамарӣ давраи ғайбати суғро оғоз шуд ва то соли 329 ҳиҷрии қамарӣ идома пайдо кард. Дар ин давра ҳазрати Меҳдӣ (а) аз тариқи чаҳор ноиб ба идомаи умури мардум мепардохтанд.

Даврони ғайбати кубро имом Маҳдӣ(а) низ аз соли 329 ҳиҷрии қамарӣ шурӯ шудааст.