Роҳёбии ду эронии дигар ба мусобиқоти ҷаҳонии куҳнавардӣ
Март 12, 2022 18:59 Asia/Dushanbe
Ду куҳнаварди эронӣ бо тайиди Федратсиони ҷаҳонии куҳнавардӣ муваффақ ба касби саҳмияи мусобиқоти ҷаҳонии куҳнавардии 2022 шуданд.
Мусобиқоти куҳнавардӣ аз 23 то 25 тири соли 1401 дар Амрико баргузор мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Родини Фуруғён дар гироиши "Bouldering" ва Ризо Кулосангиён дар гироиши "Lead" муваффақ ба касби саҳмияи мусобиқоти ҷаҳонии куҳнавардии 2022 шуданд.
Пештар низ Элнози Рекобӣ дар гироиши "Lead" саҳмияи ин мусобиқотро касб карда буд.