Март 13, 2022 17:52 Asia/Dushanbe
  • Зарба ба бузургтарин шабакаи ҷосусии режими саҳюнистӣ дар Озарбойҷони ғарбӣ
    Зарба ба бузургтарин шабакаи ҷосусии режими саҳюнистӣ дар Озарбойҷони ғарбӣ

Мудири кулли иттилоъоти Озарбойҷони ғарбии Эрон аз зарбаи сарбозони гумноми Имоми Замон(аҷ) ба бузургтарин шабакаи ҷосусии режими саҳюнистӣ дар ин устон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросн ба нақл аз Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, мудири кулли иттилоъоти устони Озарбойҷони ғарбӣ гуфт: Имсол ба бузургтарин шабакаи ҷосусии режими саҳюнистӣ, ки дар мароҳили авалияи фаъолият буданд зарба зада ва онро аз байн бурдем.

Мудири кулли иттилоъоти устони Озарбойҷони ғарбӣ афзуд: Доманаи фаъолиятҳои сарбозони гумнонми Имоми Замон(аҷ) дар қолаби хунсосозии тавтеаҳои аз пеш тарроҳишуда ва ихлоли гуруҳакҳо дар амният ва низ шиносоии афроди нуфузӣ ва сардастаҳои онҳо аст, ки бо ин фаъолиятҳо тавонистанд амнияти пойдорро барои низоми Ҷумҳурии Исломӣ барқарор кунанд.

Мудири кулли иттилоъоти Озарбойҷони ғарбӣ ҳамчунин гуфт: Ҳифзи амният ва манофеъи миллӣ ҷузъи авлавиятҳои корӣ аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ набояд иҷозаи фурсат ба бегонагон дода шавад.

 

Барчасп