Март 15, 2022 10:58 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Эрон аз ҳар талоше барои ҳалли буҳрони Украина ҳимоят мекунад

Вазири умури хориҷа дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои украинии худ таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар талоши сиёсӣ барои ҳалу фасли буҳрони Украина ҳимоят мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён ва Дмитрий Кулеба рӯзи душанбе дар тамоси телефонӣ, дар мавриди буҳрони Украина, лузӯми ҳифозат аз амокини дипломатӣ, ирсоли кумакҳои башардӯстона ва мавзуоти дуҷониба ба баҳсу табодули назар пардохтанд.

Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугӯи телефонӣ зимни табйини мавзеи Ҷумҳурии исломӣ мабнӣ бар мухолифат бо ҷангу лузӯми таваҷҷуҳ ба роҳи ҳали сиёсӣ ва гуфтугӯи дипломатӣ, нишасти ахири вазирони хориҷаи Украина ва Русияро дар Туркия муҳим хонд ва бар аҳамияти тадовум ва тақвияти масири сиёсӣ таъкид кард.

Амирабдуллоҳиён бо ишора ба решаи буҳрони Украина хотирнишон кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар талоши сиёсӣ барои ҳалу фасли ин буҳрон ҳимоят мекунад.

Вай афзуд, Теҳрон бидуни иттихози рӯйкарди дугона, мухолифи ҷанг дар Украина, Афғонистон, Яман ва ғайра аст.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин бо ишора ба ирсоли кумакҳои инсондӯстона аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои кумак ба паноҳҷӯёни украинӣ дар марзи Полша хотирнишон кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамоҳангӣ бо вазири хориҷаи Полша дар ҳоли ҳамоҳангӣ барои истиқрори тими пизишкии Ҳилоли Аҳмар дар марзи муштараки Украина ва Полша ба манзури кумак ба паноҳҷӯён аст.

Вай ҳамчунин хостори кумаки давлати Украина ба як хонаводаи чаҳор нафараи эронии гирифтор дар манотиқи даргирӣ барои хурӯҷ аз ин минтақаи ноамн шуд.

Вазири хориҷаи Украин низ зимни қадрдонӣ аз мавзеи Эрон мабнӣ бар мухолифат бо ҷангу ирсоли кумакҳои башардӯстона аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба марзи муштараки Украину Полша барои кумак ба паноҳҷӯёни ин кишвар таъкид кард, давлати Украина ҳаддиаксари талоши худро барои ҳифозат аз амокини дипломатӣ, аз ҷумла амокини мутааллиқ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба амал хоҳад овард.

Кулеба ҳамчунин зимни таъкид бар мавзеи кишвараш мабнӣ бар инки Украина хостори таваққуфи ҷанг ва даргирист, бо ишора ба гуфтугӯи ахираш бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, тадовуми гуфтугуҳоро барои хотимаи буҳрони зарурӣ донист.

Вай ҳамчунин зимни қадрдонӣ аз мавзеи Эрон дар мухолифат бо ҷанг, хостори ҳимояти сиёсии Эрон барои таваққуфи ҷанг шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп