Вуруди маҳмӯлаи ҷадиди воксан ба Эрон
(last modified Tue, 15 Mar 2022 09:36:49 GMT )
Март 15, 2022 14:36 Asia/Dushanbe
  • Вуруди маҳмӯлаи ҷадиди воксан ба Эрон

Маҳмӯлаи ҷадиди воксана AstraZeneca душанбешаб вориди Эрон шуд.

Дар ду шаби гузашта дар маҷмӯъ ду миллиону 191 ҳазору 900 доз воксани AstraZeneca вориди Эрон шуд, ки маҳмӯлаи аввал, як миллиону413 ҳазору 600 дози эҳдоӣ аз Олмон ва шаби гузашта низ 777 ҳазору 900 доз дигар ба унвони эҳдоӣ аз ин кишвар будааст.

Дар чанд моҳи ахир бо таваҷҷӯҳ ба коҳиши ниёз, воридоти воксан маҳдӯдтар аз қабл анҷом мешавад, вале аксари ин воридот ва ё эҳдоии сӯрат гирифта дар ин муддат марбӯт ба воксани AstraZeneca будааст.

Бар асоси гузориши гумруки Эрон, аз ибтидои шуюи корона токунӯн 158 миллиону 56 ҳазору 808 доз воксан вориди Эрон шудааст.

Бо ин воридот маҷмӯи воксани AstraZeneca-и воридотӣ ба беш аз 18 миллиону 836 доз расид, ки баёнгари саҳми ҳудӯди 11.9 дарсадии ин воксан аз маҷмӯи воридоти воксан аст, Синуформ болотарин саҳмро бо беш аз 80 дарсад дорад.

Воксани AstraZeneca дар муддати ахир бо ҳавошӣ низ ҳамроҳ буд ва маҳмӯлаи 820 ҳазор дозии воридотӣ аз Полша бо таваҷҷуҳ ба ғайри муҷоз будани манба, ки гуфта шуд, сохти Амрико будааст, марҷӯъ шуд.

Ҳамагирии вируси корона токунӯн ҷони беш аз шаш миллион нафарро дар сатҳи ҷаҳон гирифтааст.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт нисбат ба "суномӣ"-и навъҳои Омикрон ва Делта ба дунболи рекордшикании мавориди ибтило ба Ковид 19 дар сатҳи ҷаҳон ҳушдор дод.

Дар бархе кишварҳо мисли Амрико то ҳудӯди 35 дарсади мубталоён ба корона дар навъи ҷадид кӯдакон ҳастанд ва ин навъи корона бар хилофи навъҳои қаблӣ илова бар афроди бузургсол дар навҷавонон ва атфол ҳам сирояти болое дорад.

Бештар бихонед: