29 исфандмоҳ-солрӯзи миллӣ шудани саноъати нефт дар Эрон
Март 20, 2022 17:22 Asia/Dushanbe
Имрӯз якшанбе 29 исфандмоҳ (20 марти соли 2022) солрӯзи миллӣ шудани саноъати нефти Эрон аст.
71 соли пеш дар чунин рӯзи нуқтаи сарнавишсозе дар таърихи сиёсии Эрон рақам хурд. Миллӣ шудани саноъати нефти Эрон ҳосили як хезиши таърихӣ ва муборизаи душвору пурчолиш буд.
- Тарҳи миллӣ шудани саноъати нефти Эрон 20 марти соли 1951 бо пешниҳоди аъзои камисёни нефт дар Маҷлиси Эрон ба тасвиб расид ва нефти Эрон ба таври расмӣ миллӣ шуд.
- Пас аз як давраи сиёсии пуртаниш бо миллӣ шудани саноъати нефти Эрон дасти Британия аз саноъати нефти Эрон қатъ ва ин мавзуъ мунҷар ба оғози хуруҷи тадрҷии англисҳо аз минтақа шуд.
Миллӣ шудани саноъати нефти Эрон ҳамчунин нуқтаи атфе дар таърихи таҳавулоти сиёсии минтақаи ғарби Осиё буд.
Миллӣ шудани канали Суис дар Миср ба раҳбарии Ҷамол Абдуносир аз миллӣ шудани саноъати нефти Эрон улгу гирифт.
Барчасп