Баргузории ҷашни Наврӯзгоҳ дар оромгоҳи Фирдавсӣ
Ҳамзамон бо Наврӯз, ҷашни наврӯзгоҳ дар чандин макон, аз ҷумла оромгоҳи Фирдавсӣ дар шаҳри Туси устони Хуросони Разавӣ баргузор мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо Сайидҷаводи Мусавӣ, мудири кулли мероси фарҳангӣ ва саноъати дастии устони Хуросони Разавӣ гуфт: Ҷашни Наврӯз ҳамзамон бо севвумин рӯзи фарвардин дар маҳали оромгоҳи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ баргузор мешавад ва яке аз вижагиҳои баргузории ин наврӯзгоҳ густарондани дастархонҳои Наврӯзии миллаии форсизабонон аз ҷумла Тоҷикистон ва Афғонистон аст то мардум ҳарчи бештар бо абъоди барпоии ин ҷашни бостони ошно шаванд.
Сайидҷаводи Мусавӣ афзуд: Иҷрои ҳамнавоии 40 муршидхон бо ширкати ҳамзамони варзишкорони 100 варзишгоҳ, ҳайати варзишҳои зурхонаӣ ва паҳлавонии Машҳад аз дигар барномаҳои барҷаста ва мунҳасир ба фард дар ин маросим аст.
Мудири кулли мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноъати дастии устони Хуросони Разавӣ ҳамчунин гуфт: Иҷрои наққолӣ ва муршидхонии гуруҳи тавонёбон ва нақолии гуруҳи Конуни парвариши фикрии кудакон ва навҷавонони устон аз ҷумлаи барномаҳои ин рӯз хоҳад буд.
Мудири кулли мероси фарҳангии Хуросони Разавӣ бо таъкид бар ин ки баргузории ин ҷашн ва барномаҳои мутанавеъи он бар пояи Шоҳнома, асари сутурги Абулқосими Фирдавсӣ тадорук дида шуда аст, афзуд: Ин барномаҳо рангу бӯи ҳамосӣ, исломӣ ва меҳандустона доранд.