Баргузории ойини Наврӯзгоҳ дар оромгоҳи Фирдавсӣ дар Машҳад
Дар севвумин рӯзи аз Наврӯзи 1401 ҳиҷрии шамсӣ ойини Наврӯзгоҳ дар оромгоҳи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар Машҳади муқаддас баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин маросим, ки ҳамроҳ бо ҳунарнамоӣ ва намоиши дастовардҳои фарҳангии кишварҳои мухталиф Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон буд масъулони фарҳангии Эрон ва ҳамкорони тоҷикистонӣ, туркманистонӣ ва афғонистонӣ ба ташреҳи дастовардҳои кишварҳояшон дар ғурфаҳои ҷудогона пардохтанд.
Мудири радиои тоҷикии Садои Хуросон бо ҳузур дар ғурфаи Тоҷикистон, ба ташреҳи фаъолиятҳои радиои тоҷикӣ дар тавсеаи равобити Эрон ва Тоҷикистон пардохт.
Мухтори Фарзодӣ гуфт: Радиои тоҷикӣ дар давоми се даҳа фаъолияти худ дар Душанбе пойхтахти Тоҷикистон ва бо тавлиди ахбор ва даҳҳо барномаҳои мутанавеъ дар тавсеаи равобит ва тақвияти фарҳанги ду миллат талошҳои фаровоне анҷом дода аст; ба гунае, ки акнун радиои тоҷикӣ ҳамвора дар суфраи ғазои фикрии мардуми ин кишвар қарор дорад.
Иҷрои варзиши бостонӣ, тавҳидхонӣ ва муршидхонӣ аз барномаҳои ин ҷашни бузурги фарҳангӣ буд.