Дидори Амир Абдуллоҳиён ва Сайид Ҳасан Насруллоҳ
Март 25, 2022 19:22 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷаи Эрон, ки вориди Бейрут шуда аст, бо дабири кулли ҷунбиши Ҳизболлоҳи Лубнон дидор кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷумъа бо Сайид Ҳасани Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дидор кард.
- Бин бар ин гузориш Муҳаммадҷалоли Фирӯзниё, сафири Эрон дар Бейрут низ дар ин дидор ҳузур дошта аст ва ду тараф охирин таҳавулоти сиёсии Лубнон ва минтақаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
- Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи гузашта дар дуввумин мақсади сафари худ Димишқро ба мақсади Бейрут тарк кард.
Ҳусейн Амир Абудуллоҳиён дар Лубнон бо мақомоти аршади ин кишвар аз ҷумла Наҷиб Миқотӣ, нахуствазир ва Абдуллло Буҳабиб, вазири хориҷаи Лубнон дидору гуфтугӯ кард.
Барчасп